Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:20, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ баъди намоз дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба бадани раиси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор сари вақт дастгир карда шуд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар натиҷаи авбошӣ аз тарафи ҷинояткор ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси табибон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






