Вазорати маориф ва илми Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 квота аз рӯи 18 ихтисос ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Душанбе вохӯрии роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва калонтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон ва Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Дар мулоқот роҳҳои беҳбуд бахшидан ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаи таълимии касбӣ, коркарди моделҳои нави такмили маҳорати касбӣ ва сатҳу сифати машғулияти такмили ихтисос баррасӣ гардиданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки дар айни замон дар назди кумита 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористон Андрей Поминов дар самти омода кардани мутахассисон дар Коллеҷи политехникии «Алабуга» гуфт, ки онҳо омодаанд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тотористон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 квота аз рӯи 18 ихтисос ҷудо гардида, иброз шуд, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Кумитаи таҳсилоти ибтидӣ ва миёнаи касбӣ шумораи квотаҳо боз ҳам зиёд карда мешавад.
Дар мулоқот роҳбарони муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла коллеҷҳои технологӣ, муҳандисию омӯзгорӣ ва техникӣ якҷо бо ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон имконоти худро муаррифӣ намуда, барои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ва ҳамкории дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар доираи баргузории Мактаби илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Ҳамкории мутақобили системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки то 10 сентябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад, баргузор шуд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






