Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»

Сентябрь 22, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои васеъ намудани фаъолияти корӣ ва омӯхтани ҳунар ба дигарон, ба бонувони ҳунарманд ҷудо гардидани грантҳои президентӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин гаштани як зумра занону духтарони хонашин мусоидат намуд. Дар ин мавзуъ мухбири АМИТ «Ховар» бо роҳбари Маркази дастгирии занон, яке аз ҳунармандони чирадасти шаҳри Левакант Зебо Баротова, ки соли 2024 сазовори гранти президентӣ гардид, ҳамсуҳбат гардид.

Зебо Баротова беш аз 40 сол мешавад, ки ҳунари гулдӯзӣ, қуроқдузӣ, тоқидӯзӣ ва куртадӯзии худро бо диди муосир ба шогирдон меомӯзонад. Ҳар сол 150 шогирд омода менамояд, ки маҳсули дасти онҳо дар намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ба тамошо гузошта мешавад.

«Маркази мо бо мақсади дастгирии занон фаъолият мекунад. Ман мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғли ноҳия ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям. Инчунин ба ҳунармандоне, ки имкони пешниҳод намудани ҳунари худро ба намоишҳо надоранд, кумак расонам», — мегӯяд Зебо Баротова.

Ӯ афзуд, ки сайёҳони дохилӣ ва хориҷие, ки ба шаҳри Левакант меоянд, ҳатман аз маҳсули дасти занони ҳунарманди шаҳр харидорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҳунарманд талош менамояд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудааш босифат ва бозоргир гардад.

Ин зани ҳунарманд мегӯяд, ки онҳо хизматрасонии худро дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ мондаанд ва мизоҷон ба онҳо фармоиш низ медиҳанд.

Зебо Баротова мегӯяд, ки «бузургони мо беҳуда ҳунарро зар ва ҳунармандро ҳамеша сарфароз наномидаанд. Ман ҳақиқати ин гуфтаҳоро дар таҷрибаи худам бори дигар дарк намудам. Мисол, ман ба ивази куртаи дӯхтаам ҳаққи хизмат мегирам. Мизоҷон садҳо бор миннатдорӣ карда, аз ман хурсанду розӣ мешавад. Ба болои ин ҳар куҷое, ки равам, дар кадом маъракаю ҷамъомаде, ки бошад, онҳо маро эҳтиром карда, бологузар мекунанд. Аз ин рӯ, ба занону духтароне, ки соатҳо бекор нишаста, ба тамошои филмҳои нодаркори хориҷӣ машғуланд, тавсия медиҳам, ки вақташонро ба ҳунаромӯзӣ гузаронанд. Аз ҳунармандӣ ҳам даромад мебинанду ҳам обурӯ меёбанд».

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд