Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияро дар ноҳияи Ишкошим ифтитоҳ намуданд

Октябрь 13, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 13.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳия муҳайё гардидааст.

Бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 3,4 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бино дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.  Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим моҳи сентябри соли 2023 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фараҳноз»  бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шудааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши технологияи муосири низоми молиявӣ вазифадор намуданд.

Бино бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ атрофи онро зиннат бахшидаанд. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта,  қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоӣ зам кардааст.

Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Ифтитоҳи Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим 13.10.2024

Октябрь 13, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон