35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ноҳияи Ашт навсозӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бинои маъмурии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт навсозӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Ҳуҷраҳои бино бо техникаҳои компютерӣ ва таҷҳизоти хизматӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, толори қабулу интизорӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, насби терминали пулгузаронӣ, гӯшаҳои иттилоотӣ ва дигар шароити маишӣ муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин нафарони имконияташон маҳдуд бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда мешаванд.
Хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дар шароити мусоид имкон медиҳад, ки минбаъд ба шаҳрвандон дар шароити хубу арзанда хизмат расонида шавад.
Инчунин муносибати хуб дар амалу рафтор эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба мақомот афзун намуда, самаранокии раванди татбиқи қонунгузорӣ дар самти шиносномадориро таъмин мекунад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






