Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 12-уми байналмилалии варзишӣ дар шаҳри Уфа иштирок дорад

Октябрь 18, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 18.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 12-уми байналмилалии варзишӣ дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

17 октябр дар расми ифтитоҳи намоишгоҳи Форуми 12-уми байналмилалии варзишӣ таҳти унвони «Русия- мамлакати варзишӣ» ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ  Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок кард.

Бояд иброз намуд, ки дар ин форум намояндагони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок доранд.

Мақсад аз баргузории форум рушди муносибатҳои байналмилалии варзишӣ ва мубодилаи таҷриба байни давлатҳо мебошад.

Форум се рӯз идома ёфта, дар он бозиҳои варзишии гуногун баргузор мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 18, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд