Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори генералии Институти Синзяни технология ва географияи Академияи илмҳои Чин Чжан Юанмин рушди ҳамкории дуҷонибаи муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, Қобилҷон Хушвахтзода вобаста ба ҳифзи пиряхҳо сухан намуд.
Таъкид шуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо раванди нигаронкунанда буда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки барои ҳифзи онҳо тадбирҳои муассир андешанд ва ба таври муштарак талош намоянд. Дар робита ба муҳиммияти ин масъала бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77- уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид. Тибқи ин қатънома, 21 март Фонди байналмилалии эътимод дар Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ шудааст.
Иброз гардид, ки бо назардошти муҳиммияти омӯзиши пиряхҳо соли 2017 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамзамон худи ҳамин сол дар доираи ҳамкории байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ин ду муассиса дар ҳамкории муштарак бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ оид ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таҳқиқоти фарогир анҷом медиҳанд. Ин таҳқиқот ба омӯзиши динамикаи пиряхҳо, ҳаҷми онҳо, ҳаракати пиряхҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ ва арзёбии хатари онҳо равона гардидаанд.
Директори генералии Институти Синзяни технология ва географияи Академияи илмҳои Чин Чжан Юанмин барои дар сатҳи хуб қарор гирифтани ҳамкории илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки «воқеан ҳам масъалаи обшавии пиряхҳо имрӯз яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар робита ба ин мо ҳамеша барои густариш додани ҳамкории илмӣ бобати ҳифзи пиряхҳо омода ҳастем».
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






