Ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташкилоти «WTIT — Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ» густариш меёбад

Октябрь 21, 2024 17:10

ДУШАНБЕ 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо директори генералии ташкилоти «WTIT — Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ» Чонҷун Ким ва дигар намояндагони ин ширкат вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории судманди чандинсола дар самти рушди маорифи Тоҷикистон, ба роҳ мондани технологияҳои муосири таълимиву методӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули таҷриба, аз машғулияти такмили ихтисос гузаштани устодон ва мукаммалгардонии пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ суҳбат намуданд.

Иброз гардид, ки мақсади ҳамкорӣ баланд бардоштани тавонмандии донишгоҳ оид ба рушди заминаҳои моддиву техникии муосир, такмил додани неруи кадриву омӯзгории он дар самти Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва рақобатпазир гардонидани хатмкунандагони ин соҳа мутобиқ ба талаботу меъёрҳои бозори меҳнат, инчунин тақвият бахшидани нуфузи донишгоҳ дар бозори таълимоти дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Дар доираи ҳамкории муштарак аз соли 2019 инҷониб 7 хатмкунандаи донишгоҳ дар зинаи магистратура дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Устодони Кореяи Ҷанубӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ аз забонҳои муосири барномасозӣ, робототехника, барномасозии бесарнишинҳо ва зеҳни сунъӣ дарс мегӯянд.

Бо назардошти тамоюли муайяни донишҷӯён оид ба азхуд намудани забони кореягӣ ва гирифтани таҳсил дар Корея соли 2022 дар донишгоҳ  «Маркази забономӯзии Институти шоҳ Сеҷонг» ташкил гардид. Он метавонад дар омодасозӣ ба таҳсили касбӣ, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги Корея, васеъгардонии ҷаҳонбинӣ ва ташаккули фарҳанги техникии насли нав такони ҷиддӣ бахшад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки кӯшиш менамоянд ҳамкориро дар самти рушди Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотии муштарак ва интиқоли технологияҳои пешрафтаи соҳа ноил гарданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Октябрь 21, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид