Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» — ро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни тавзеҳи ин масъала дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду давлат, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ оид ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати транзитӣ ворид карда шудааст.
Ҳуҷҷат сода кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон пешбинӣ менамояд. «Ҳар сол дар маҷмуъ 25 000-30 000 иҷозатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор аз/ба давлати сеюм, ки қисми зиёди он барои боркашонии транзитӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешавад, табодул мегардад»,- афзуд вазир бо ишора ба натиҷаи таҳлилҳо, ки тибқи онҳо «ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии мамлакати мо зиёда аз 36 000 ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Узбекистон анҷом медиҳанд».
Тибқи Пртоколи имзошуда, акнун ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда мешавад. Гап дар бораи ба истилоҳ варақаҳои «дозвол» меравад, ки ҳуҷҷати якдафъаина буда, ҳуқуқи истифодаи воситаи нақлиёти дар қаламрави як давлат ба қайд гирифтаро дар қаламрави давлати дигар барои ҳамлу нақли байналмилалӣ медиҳад.
Аз ҷиҳати оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ тағйирот ба ин созишнома танҳо ба пайомадҳои хуб, алалхусус барои содагардонии расмиёти ҳамлу нақли байналмилалӣ, рушди тиҷорат, транзит ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Қаблан, моҳи сентябри соли 2024 Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ» аз ҷониби Парлумони Узбекистон низ ба тасвиб расид.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






