Ҷавонони Гулистон, Истиқлол, Спитамен ва Айнӣ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ равон шуданд

Октябрь 2, 2024 14:39

ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  150 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Спитамен барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб  шуданд. Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин ва Ҷамоати деҳоти Сарбанд дар ноҳия аввалин шуда, нақшаи даъватро иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабар доданд.

Дар ҷамъомад нақши ҷавонон дар таҳкими амнияти миллӣ ва мавқеи онҳо барои ҳифзи марзи буми Ватан ёдоварӣ гардид. Иброз шуд, ки  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон буда, ҳимояи сарҳади мамлакат вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмард мебошад.

Дар шаҳри Истиқлол низ бахшида ба гусели даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Масъулин ҷавононро барои азм намудан ба хизмати Ватан ва иҷрои уҳдадории фарзандиашон дар назди давлату миллат табрик гуфта, таъкид намуданд, ки сол то сол сафи ҷавонони бонангу бономуси шаҳр меафзояд ва ин иқдом оянда низ идома хоҳад ёфт.

«Имрӯз Артиши миллӣ ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Мояи ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд»,- гуфта шуд дар ҷамъомади тантанавӣ.

Инчунин ба 14 нафар даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Ҷавонони ватандӯстӣ синни даъватии ноҳияи Айнӣ 1 октябр ихтиёран ба хизмати Ватан равон гардиданд.

«Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бономусро талаб мекунад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад»,-иброз гардид дар чорабинии тантанавие, ки дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.

Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ- 1 октябр аз шаҳри Гулистон 52 нафар даъватшаванда, ки 80% нақшаи муайяншударо ташкил медиҳад, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Иброз гардид, ки ҷамоатҳои шаҳраки Адрасмон, Сирдарё ва Навгарзан нақшаи даъватро пурра иҷро намудаанд.

Артиши миллӣ  такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Спитамен/ Айнӣ/ Гулистон/ Истиқлол

Октябрь 2, 2024 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд