Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 4, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» (Wildberries- Russ) дар доираи кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ёддошти ҳамкорӣ аз ҷониби муассиси Wildberries ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Татяна Ким ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон рушди тиҷорати электронӣ ба мувофиқа расиданд.

«Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ барои мо қадами стратегии муҳим барои таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ман бовар дорам, ки таҷриба ва маҳоратҳои мо ба соҳибкорони маҳаллӣ барои рушди тиҷорат ва васеъ кардани он кумак хоҳанд кард. Фаъолият дар Русия ва дигар кишварҳое, ки мо ҳузур дорем, нишон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо платформаи мо ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ кумак мекунад, то ба бозорҳои давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кунанд»,- иброз намуд Татяна Ким.

Ҷамшед Ҷумъахонзода изҳор дошт, ки «дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуро оид ба рушди тиҷорати электронӣ ташкил шудааст. Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба бо чунин ширкатҳои бузург, чун Wildberries ва имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ барои мо қадами бузург дар пешбурди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад