Байни Тоҷикистон ва Гана масоили ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода бо ҳайати Ҷумҳурии Гана таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ион Кваку Амиратвум Сарпонг доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо тасмим гирифтанд Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Ганаро доир намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.
Аз ҷониби ҳайати Гана ба фаъолияти волонтёрӣ ва сиёсати давлатии кор бо ҷавонони Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои мубодилаи таҷрибаи давлати мо дар ин самт дар кишвари худ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон бобати рушди ҳамкории дуҷониба дар оянда баргузории Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Гана ба нақша гирифта шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






