Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии китобдорон ҳамоиш доир гардид

Октябрь 31, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» таҳти унвони «Донишҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқӣ-асоси маърифати ҳуқуқии китобдорон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 заминаи мусоид барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони касбу кори гуногун дар ҷомеа буда, дар таҳкими худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон нақши созгор дорад.

Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзуъҳои «Аҳаммияти маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи давлати ҳуқуқбунёд», «Маърифати ҳуқуқӣ- асоси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ– асоси муқовимат бо зуҳуроти номатлуби замони муосир» маъруза намуда, вобаста ба мақом ва манзалати ин санади муҳим ибрози андеша намуданд.

Аҳамияти ҳуқуқии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки он ҳуҷҷати заминавӣ эътироф гардида, маҳз дар асоси он низоми қонунгузорӣ ташаккул меёбад ва ба танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ равона мегарданд. Дар баробари ин муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун шиносномаи миллат рушди давлати соҳибистиқлоламонро таъмин ва роҳи расидан ба ояндаи дурахшонро мунаввар намуд.

Мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон ба қатори яке аз даҳ конститутсияҳои беҳтарин дохил гардидааст.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

Октябрь 31, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст