Барои рӯзноманигорон ба мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» саёҳати матбуотӣ ташкил карда мешавад

Октябрь 28, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гурӯҳи хабарнигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат барои инъикоси ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти сохтмончиён ба мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар» бо истинод ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайат аз 35 нафар рӯзноманигорону кормандони расонаҳои давлатӣ ва мустақили ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иборат мебошад.

Зимни сафар рӯзноманигорон бо мусоидати маъмурияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо фаъолияти сохтмони ин иншооти муҳими аср шинос мегарданд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ин иқдомро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 28, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст