ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродӣ муайян гардиданд

Октябрь 5, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр, дар рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе ғолибон ва ҷоизадорон муайян гардиданд, хабар медиҳад АМИТ АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи охири қуввазомоиҳои инфиродии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуда, ба ғолибон ва ҷоизадорон медалҳои тақдим намуданд.

Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон -2024

Рӯзи 4-ум 

🔹Вазни -78 кг

🥇Бренда Олая 🇨🇴

🥈Мазилда София 🇩🇪

🥉Дандара Камило 🇧🇷

🥉 Роня Эва 🇩🇪

🔹Вазни +78 кг

🥇Ли Ҳйеонҷи 🇰🇷

🥈Селия Канкан 🇨🇵

🥉Сафа Сулаймон 🇾🇪

🥉 Чичиро Ямагучи 🇯🇵

🔸Вазни — 100 кг 

🥇Муҳаммадсодиқ Содиқов 🇺🇿

🥈Нозому Мики 🇯🇵

🥉Аждар Бағиров 🇦🇿

🥉 Фарес Мехоух 🇨🇵

🔸Вазни + 100кг

🥇Денис Батчаев (IJF)

🥈Канан Насибов 🇦🇿

🥉Сабо Кардава 🇬🇪

🥉 Иброҳим Татароғлу 🇹🇷

Ёдовар мешавем, ки 2-5 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ  (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар қуввазомоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) иштирок намуд. Варзишгарони тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра ва Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Пагоҳ, 6 октябр дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон қуввазомоиҳои даставии омехта баргузор мегарданд, ки бори аввал дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар онҳо иштирок менамояд.

АКС: ТВ Варзиш

Октябрь 5, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад