ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр, дар рӯзи сеюми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе қувваозмоиҳо аз рӯи 3 вазн: -70 кг байни духтарон ва -81 кг, 90 кг байни писарон баргузор гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз Тоҷикистон дар ин рӯз дар мусобиқа 5 варзишгар иштирок намуданд. Инҳо Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода ва Сомонӣ Кишваров дар вазни то 90 кг буданд.
Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон -2024
Рӯзи 3-юм
Вазни -70 кг
1. Элена Денг (Австрия)
2. Фоҳоу Люн (Швейтсария)
3. Тайла Грауйер (Германия)
3. Кая Счустер (Сербия)
Вазни -81 кг
1. Лука Ҷавахишвили (Груҷистон)
2. Ванг Янгван (Чин)
3. Азат Кимисбай (Қазоқистон)
3. Сулаймон Шукуров (Озарбойҷон)
Вазни -90 кг
1. Комей Кавабата (Ҷопон)
2. Эгор Малкин (дастаи IJF)
3. Вадим Чимбовсчи (Молдова)
3. Алишер Саманов (Узбекистон)
Ёдовар мешавем, ки 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
Дар се рӯзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгарони тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра ва Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
АКС: ТВ Варзиш








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






