ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Ғолибон ва ҷоиздорони рӯзи якуми мусобиқа муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи якум қувваозмоиҳо аз рӯи 4 вазн: -48 кг ва -52 кг байни духтарон, -60 ва -66 кг байни писарон доир шуданд.
Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов дар рӯзи якуми мусобиқа дар вазни -60 кг сазовори медали нуқра гардид.
То расидан ба финал Лоиқ Қудбиддинов варзишгарон аз Туркманистон, Мексика, Қазоқистон ва Узбекистонро мағлуб намуд. Дар финал варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов аз намояндаи ҷопон Ямато Фукута мағлуб шуд.
Дар чемпионат 531 варзишгар (290 писар, 241 духтар) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон -2024:
Рӯзи 1-ум
Вазни -48 кг
1. Хинран Ҳуи (Чин)
2. Сачийо Ёшино (Ҷопон)
3. Рибейро Кларисе (Бразилия)
3. Дудина Кристина (дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо)
Вазни -52 кг
1. Ол Ироҳа (Ҷопон)
2. Ношо Сеню (Ҷопон)
3. Алюссиа Поуланҷе (Фаронса)
3. Мио Ҳуҳ (Ҷумҳурии Корея)
Вазни -60 кг
1. Ямат Факуда (Ҷопон)
2. Лоиқ Қутбиддинов (ТОҶИКИСТОН)
3. Талгат Орюнбассар (Қазоқистон)
3. Муродил Муродиллаев (Узбекистон)
Вазни -66 кг
1. Фукучи Шунтаро (Ҷопон)
2. Кентоку Кайри (Ҷопон)
3. Де Лука Алессио (Италия)
3. Кобетс Ҷерман (дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо)
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар қувваозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) рақобат менамояд. Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори якум дар сабқати даставии омехта иштирок менамояд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
АКС: ТВ Варзиш












Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






