ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид

Октябрь 3, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев (-73 кг) сазовори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муҳидин Асадуллоев дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, Полша ва Италияро мағлуб намуда ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Муҳидин Асадуллоев аз варзишгари ҷопон Юсуке Текейчи муғлуб шуда, раҳобатро барои медали биринҷӣ идома дод.

Дар рақобат барои медали биринҷӣ Муҳиддин Асадуллоев Абубакар Исуповро аз дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо мағлуб намуд.

Дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқра гардид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони то 21-сола иштирок менамоянд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Акс: ТВ Варзиш

Октябрь 3, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд