Дар доираи баргузории Иди Меҳргон Иди себ низ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар доираи баргузории Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе Иди себ низ доир шуд.
Ташкилоти ҷаҳонии озуқаворӣ себро ба рӯйхати зироати асосии таъминкунандаи бехатарии озуқаворӣ ворид кардааст. Дар Тоҷикистон аз рӯи майдони истеҳсол пас аз зардолу себ дар ҷой дуюм меистад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, минтақаи асосии себпарварии саноатӣ дар ҷумҳурӣ Рашт мебошад. Дар минтақаи Рашт себҳое парвариш карда мешаванд, ки ба навъҳои зимистонӣ, тирамоҳии бармаҳал ва тирамоҳӣ махсус гардонида шудаанд.
Дар Ҳисор навъҳои зимистонӣ, тобистонии бармаҳал ва тирамоҳӣ парвариш карда мешаванд. Дар минтақаи Кӯлоб- навъҳои зимистона ва тирамоҳӣ, қисман тобистона парвариш меёбанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тирамоҳию зимистона ва дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон навъҳои тирамоҳӣ ва зимистонаи себ мерӯянд.
Себ яке аз маъмултарин меваҳо буда, аз ҷиҳати истеҳсол дар дунё пас аз меваҳои ситрусӣ, банан ва ангур меистад. Боғҳои ин меваи шаҳдбор дар ҷаҳон дар зиёда аз 5 миллион гектар доман паҳн кардаанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 64 миллион тонна себ ҷамъоварӣ мегардад, ки 21 фоизи ҷамъи меваи дар ҷаҳон истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи «Шоҳисеб», «Шоҳҳусайнӣ», «Гулсеб», «Пахтасеб», «Понғозӣ», «Рахш», «Қосимӣ», «Чоҳсеб», «Шулмун» ва ғайраҳо парвариш меёбанд, ки қисми зиёди онҳо имрӯз дар хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ парвариш карда мешаванд.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи тиб, дар таркиби кимиёии себ 81,0-88,3 фоиз об, 11,7-19,0 фоиз моддаҳои хушк, 4,92-16,0 фоиз қандҳо (асосан глюкоза), 0,20 — 4,2 фоиз туршиҳои органикӣ, 0,07 — 0,26 фоиз моддаҳои даббоғӣ, витаминҳои А, В1, В2, С, РР, маҷмуи моддаҳои фаъоли биологӣ, минералӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Инчунин дар таркиби себ моддаҳои фаъоли биологии гурӯҳи Р (катехинҳо, антосианҳо, лейкоантосианҳо) ба бунияи инсон фараҳ бахшида, ба рафъи унсурҳои радиатсионӣ ва консерогенӣ, ки боиси касалиҳои саратонӣ мегарданд, мусоидат мекунад. Мавҷудияти оҳан ва витамин хусусияти давоии ин меваро афзун мекунад.
Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон талабот ба боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ зиёд гардидааст. Боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар аст. Зеро аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта то 5-6 кило ҳосил гирифтан мумкин аст. Ҳамчунин дар як гектар боғи интенсивӣ аз 500 то 3 ҳазор ниҳол шинонидан мумкин аст.
Соли равон талаботи аҳолӣ ба меваи себ, ки дар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ хуб парвариш ёфтааст, зиёд шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






