Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе таҳти унвони «Забони ман-ҳастии ман» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.
Дар ҳамоиш вобаста ба аҳамияти забони давлатӣ ва нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар бораи қадимӣ будан ва арзиши забони тоҷикӣ, инчунин нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ ибрози андеша намуд.
Дар идомаи ҳамоиш филми мустанади «Эмомалӣ Раҳмон: фарҳанг ҳастии миллат аст», ки ба нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ бахшида шудааст, намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин филм ба нақши барҷастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фарҳанги миллӣ ва густариши он дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ бахшида шудааст.
АКС: Донишкадаи инноватсионии Душанбе








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






