Дар Душанбе лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» (WE Finance Code) дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ ва ширкатҳои «Consumer CentriX» ва «International Project Consult (IPC) GmbH» дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо вобаста ба оғози кори лоиҳа, ҳолати кунунии ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи маълумот дар бораи фаъолияти занони соҳибкор, таҳияи нақша барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ барои дастгирӣ дар самти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар бахши молиявии мамлакат табодули назар намуданд.
Лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии маблағгузории занони соҳибкор таҳия гардидааст.
Ҳадафи он ташкили заминаи мусоид барои васеъ намудани имконияти маблағгузорӣ ба соҳибкории занон мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






