Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Бадахшон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ХОРУҒ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши илмии навбатиро ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон бахшиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Директори ин муассисаи илмию таълимӣ Раҳимдод Азизбеков ҳарду рӯйдоди таърихиро, ки зодаи истиқлол ҳастанд, бо ҳам тавъам ва алоқаманд хонда, изҳор дошт, ки «агар забон ҳастии миллат бошад, пас омӯзгор дар ҳар давру замон нигаҳбони ҳамин ҳастӣ мебошад. Зеро маҳз омӯзгор ба инсон ҳарфи аввал, талафузи дурусти калимаву ибораҳо, сухан ёфтану сухан суфтану сухан гуфтанро ёд медиҳад. Пайи ҳам ҷашн гирифтани рӯзи забону омӯзгор дар худ рамзи ниҳоне дорад. Забон фақат василаи муошират нест, балки василаи васли наслҳо, нигоҳдорандаи расму суннат ва урфу одатҳои мухталифи миллатамон ба шумор меравад».
Гуфта шуд, ки ҳамаи онҳое, ки ба таълиму тадриси насли наврас машғул ҳастанд, бояд, пеш аз ҳама, ба забондонию забоншиносии насли наврас аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Нагузорем, ки шогирдони мо забони ноби тоҷикиро бо калимаву ибораҳои сохтаву бофта ва алфози дурушту гӯшхарош олуда созанд. Зеро ин неъмати бебаҳо мерос аз гузаштагони оламшумули мо аст. Беэҳтиромӣ нисбат ба забон беэҳтиромӣ ба фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо ба шумор меравад.
Пас аз анҷоми ҳамоиш ба як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф барои тарғибу ташвиқи забони давлатӣ дар корхонаву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






