Дар Институти биологии Помир гармхонаи муосир сохта шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гармхонаи муосир ба истифода дода шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Масоҳати гармхона 630 метри мураббаъ буда, бо таҷҳизоти муосири гармкунӣ ва нигоҳдории ҳарорати доимӣ ҷиҳозонида шудааст.
Ин ягона гармхонаи муосири институт мебошад, ки дар он минбаъд корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар якҷоягӣ бо истеҳсолот амалӣ мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






