Дар Кӯҳистони Мастчоҳ хати оби полезӣ ба истифода дода шуд
СУҒД, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хати оби полезӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дарозии хати оби полезӣ 8,9 километрро ташкил дода, об аз мавзеи сойи Тагоб то мавзеи Қарғтӯдаи деҳаи Оббурдони деҳоти ба номи Иван-Тоҷик тавассути қубурҳои қутрашон 225 мм оварда шуд.
Хати оби полезӣ бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кашида шуд. Сохтмонро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пастиғав»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба анҷом расонид.
Бо истифодаи хати оби полезӣ 50 гектар замини нав азхуд шуда, ҳолати обёрии зиёда аз 150 гектар замини корами ноҳия беҳтар мегардад.
АКС:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






