Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом оид ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 21, 2024 17:54

ДУШАНБЕ, 21.10.2024  /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.

Иброз гардид, ки хизмат ба Ватан рисолати бузург буда, ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ вазифаи муқаддаси ҳар инсон, алалхусус ҷавонони ба ору номус мебошад. Нишонаи ҷавонмардии ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос монда, муқаддас будани Ватанро аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси мо ва кафили таҳкими истиқлоли давлат мебошад. Мо, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама якдилона талош кунем.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба сарбозоне, ки хизмати Ватанро софдилона иҷро намуда истодаанд, арзи сипос карда шуда, чун арзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо ба волидайни сарбозон Раҳматнома супорида шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ҳамоиш- бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва саҳм гузоштан дар ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба ин васила метавонем ҷавононро ба меҳанпарастию хештаншиносӣ ҳидоят намоем.

АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом

 

Октябрь 21, 2024 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик