Дар ноҳияи Хуросон хоҷагии зотпарварии «Саодат» фаъолияти назаррас дорад
ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат» фаъолият мекунад, ки ҳадафи он бо гӯшту шир таъмин намудани сокинони ноҳия мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон иттилоъ доданд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат» говҳои зотии «Сементал» ва «Голштейн» парвариш карда мешаванд. Барои рушд додани соҳаи чорвопарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ аз Беларус боз зиёда аз 30 сар гови зотии «Голштейн» дастрас карда шуд.
Ба иттилои масъулини хоҷагии зотпарварӣ, ин намуди говҳо дар як шабонарӯз то 30 литр шир медиҳанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат» аз соли 2013 инҷониб фаъолият мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






