Дар ноҳияи Ҷололиддини Балхӣ дар 23 312 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд

Октябрь 20, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар ноҳияи Ҷололиддини Балхӣ дар майдони 23 312 гектар зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар 5756 гектар ғалладонагиҳо, дар 690 гектар ҷуворимакка барои дон, дар 10092 гектар зироати техникӣ, аз ҷумла дар 9811 гектар пахта, дар 2443 гектар сабзавот, дар 627 гектар картошка, дар 1150 гектар полезиҳо ва дар 3244 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар доданд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1605235,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  51976,8 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.

Инчунин истеҳсоли маҳсулоти сабзавот ба 108781 тонна, гӯшт -3423 тонна, шир- 24591 тонна ва тухм ба 9068,5 ҳазор дона расонида шуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёд мебошанд.

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксар аҳолии қобили меҳнати он ба ин соҳа машғул мебошанд. Асоси ғанигардонии буҷети ноҳия аз соҳаи кишоварзӣ сарчашма мегирад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 20, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд