Дар Палатаи ҳисоб оид ба ташвиқу тарғиби меъёрҳои қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташвиқу тарғиби меъёрҳои қонунгузорӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷамъомад намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия ва кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Нақши Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа» ва «Маърифати ҳуқуқӣ василаи дарки қонунгузорӣ» маъруза намуданд.
Ҳамчунин вобаста ба таъмини волояти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ ибрози назар шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






