Дар пиряхи Ванҷях пойгоҳҳои худкор насб карда шуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар қисмати ташаккулёбии пиряхи Ванҷях (собиқ Федченко) пойгоҳҳои худкори мушоҳидаҳои метеорологӣ насб карда шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар доданд, ин пойгоҳҳо имконият медиҳанд, ки минбаъд дар қисмати ғизогирии пиряхи Ванҷях мушоҳида, мониторинг ва арзёбии ташаккули равандҳои гидрометеорологӣ ва яхбандӣ омӯхта шуда, тамсилаи ташаккулёбии минбаъдаи он таҳия гардад.
Маълумоти аз пойгоҳҳо дастрасгардида инчунин барои омӯзиши шароити иқлимии минтақа, тағйирёбии онҳо, таъсири онҳо ба захираи пиряхҳо, арзёбии таъсири чанг ба таназзулёбии пиряхҳои Тоҷикистон ва минтақа ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус аз 14 декабри соли 2022 соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз 13 августи соли 2024 солҳои 2025-2034-ро «Даҳсолаи амал барои барои илмҳои криосфера» эълон намуд.
Аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Дар чаҳорчӯби ин конфронс стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои зарурии байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошад.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, барои фаъолсозии Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо саҳми молиявӣ гузоштааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






