Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 1 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд

Октябрь 11, 2024 18:40

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ (то моҳи августи соли 2024) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масоҳати 1 миллиону 600 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони 1310 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 августи соли равон 724 иншоот ё 55,3 фоиз сохта, ба истифода дода шуд. Сохтмони иншооти боқимондаи ҷашнӣ дар вилоят босуръат идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодӣ сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ дар вилоят маҳсуб шуда, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ҳолати 1 августи соли 2024) маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон дар вилоят 6,5 миллиард сомониро ташкил дод. 1,9 миллиард сомонии онро сармоягузории хориҷӣ ва 4,6 миллиард сомониро сармоягузории дохилӣ ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2024 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд