Дар Тоҷикистон барои рушди варзиши камонварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад

Октябрь 8, 2024 18:50

ДУШАНБЕ, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен рушди варзиш, аз ҷумла намуди камонварӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иброз шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзиши камонварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар вилояти Суғд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ таъсис дода шудааст.

Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, ки ба сифати меҳмон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт, гуфт, ки дар оянда низ чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ доир шуд, ки дар он беш аз 100 варзишгар ва мураббӣ  иштирок намуданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи камонварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд.

Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофоти пулӣ ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 8, 2024 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид