Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 тими Сингапурро мағлуб намуд

Октябрь 26, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» дуюмин пирӯзиро ба даст овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «J» дастаи мунтахаби Уммон бар тими Гуам бо ҳисоби 18:0 пирӯз шуд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Уммон бозӣ мекунад. Ин бозӣ 27 октябр баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 26, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд