Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муаррифӣ шуданд

Октябрь 2, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат», ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зеҳни сунъӣ таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт Ҳукумати мамлакат корҳои муҳимро амалӣ намудааст.

Аз ҷумла, “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Дар баробари ин маълумоти мухтасар оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси zypl.ai – аввалин стартап дар Тоҷикистон ва фаъолияти муваффақонаи он дар 12 бозори ҷаҳон, оғози Академияи зеҳни сунъӣ аз рӯи барномаи Донишгоҳи Стэнфорд дар мамлакат ва ҷорӣ намудани ихтисоси зеҳни сунъӣ дар 7 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ баён гардид.

Бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дода, тибқи дурнамо, то соли 2030 тақрибан ба 2 триллион доллар афзоиш меёбад. Татбиқи зеҳни сунъӣ то соли 2030 метавонад маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро 14 фоиз ё тақрибан 16 триллион доллар афзоиш диҳад.

Дар ҷамъбасти суханронӣ Завқӣ Завқизода дар баробари натиҷаҳои бадастомада бо мақсади татбиқи самараноки ҳадафу афзалияти Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, бобати ҷалби бештари сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ даъват ба амал овард.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 2, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид