ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 2200 нафар ҷавонони ватандӯсти вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб ҳамоиши тантанавии гусели 2200 нафар ҷавонони ватандӯсту шуҷои вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Даъватшавандагон бо риояи анъанаҳои неки миллӣ, дуои падару модарон ва мӯйсафедони нуронии диёр барои адои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ дар макони баргузории ҳамоиши идона ҷамъ шуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҷумҳурӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Артиши мамлакат дорои базаи моддию техникии замонавӣ буда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд дар он дарси садоқату ҷавонмардӣ, ҳифзи обу хок, марзу буми Ватан ва дигар муқаддасотро аз худ мекунанд.
Итиллоъ дода шуд, ки дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ноҳияи Шаҳристон, ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, Ориён, Ошобаи ноҳияи Ашт, Ғончӣ, Яхтани ноҳияи Деваштич, Адрасмон, Сирдарё, Навгарзани шаҳри Гулистон, Зарҳалол, Сабристон, Ниҷонии шаҳри Истаравшан, Ворух, Лаккон, Чоркӯҳ, Шӯроби шаҳри Исфара, Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Амондара, Саразм, Шинги шаҳри Панҷакент, Сарбанд, Хуррамзамини ноҳияи Спитамен, Ҳаёти нав, Гулхона ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд






