ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 2200 нафар ҷавонони ватандӯсти вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Октябрь 3, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб ҳамоиши тантанавии гусели 2200 нафар ҷавонони ватандӯсту шуҷои вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Даъватшавандагон бо риояи анъанаҳои неки миллӣ, дуои падару модарон ва мӯйсафедони нуронии диёр барои адои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ дар макони баргузории ҳамоиши идона ҷамъ шуданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии  Президенти  мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҷумҳурӣ  барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Артиши мамлакат дорои базаи моддию техникии замонавӣ буда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд дар он дарси садоқату ҷавонмардӣ, ҳифзи обу хок, марзу буми Ватан ва дигар муқаддасотро аз худ мекунанд.

Итиллоъ дода шуд, ки дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ноҳияи Шаҳристон, ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, Ориён, Ошобаи ноҳияи Ашт, Ғончӣ, Яхтани ноҳияи Деваштич, Адрасмон, Сирдарё, Навгарзани шаҳри Гулистон, Зарҳалол, Сабристон, Ниҷонии шаҳри Истаравшан, Ворух, Лаккон, Чоркӯҳ, Шӯроби шаҳри Исфара, Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Амондара, Саразм, Шинги шаҳри Панҷакент, Сарбанд, Хуррамзамини ноҳияи Спитамен, Ҳаёти нав, Гулхона ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 3, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид