«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе — ояндаи ҳушманд ва устувор» Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2023 таҳия ва омодасозии Шарҳи ихтиëрии маҳаллии шаҳри Душанберо шуруъ намуд. Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ раванде аст, ки мамлакат тавассути он вазъи рушди иқтисодию иҷтимоиро дар сатҳи шаҳр ва пешравиҳоро ҳамчун раванди пайгирӣ ва механизми бознигарӣ дар самти татбиқи Рӯзномаи глобалӣ барои давраи то соли 2030 арзёбӣ ва пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ҷумҳуриии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳои худро бобати татбиқи Рӯзномаи глобалӣ барои давраи то соли 2030 оид ба рушди устувор ҳанӯз соли 2015 қабул намуда буд. То имрӯз аллакай ду маротиба Шарҳи ихтиëрии маҳаллиро оид ба дастовардҳои мамлакат дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор муаррифӣ намудааст.


Ҳадафи Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ- ин баррасии самту имконияти рушди пойтахт дар раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо такя ба қарору технологияҳои ҳушманду устувор мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалин шаҳрҳое аст, ки Шарҳи ихтиëрии маҳаллии худро оид ба дастовардҳои рушд ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод мекунад.
Дар таҳияи ин шарҳ Душанбе пайравӣ ба таҷрибаи миллиро ҳамчун замина барои рушди ҳамкории бисёртарафа, таҳким бахшидани мавқеи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷалби шарикони наву сармоягузориҳо истифода мебарад.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода афзуд, ки Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 ба ҳуҷҷати асосии стратегии шаҳр, яъне Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 пурра ҳамгиро карда шудааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш дигар намояндагони мақомот ва шарикони рушд маъруза намуда, тамоми бахшҳои ҳаëти иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахти мамлакатро дар доираи ин ҳадафҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»























Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






