Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мутафаккирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо эътироф кардаанд, ки дар таъриху тамаддуни башарӣ тоҷикон ҳамчун мардумони ориёитабор яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарияшон, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим мебошад. Чунин баён намуданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ.
«Беҳуда нест, ки Гёте – шоири маъруфи олмонӣ Ҳофизи Шерозиро «малик – уш – шуарои ҳамаи дунё» хитоб кардааст.
Борҳо гуфтаам ва бори дигар хотирнишон менамоям, ки таъриху фарҳанги миллати шарафманди тоҷик бо забони модарӣ пайванди узвӣ ва ногусастанӣ дорад», — ёдовар шуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат ҳамзамон таъкид доштанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро тавассути ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Аз ин хотир итминони комил намуданд, ки забони модарии мо ин рисолати худро ҳазорсолаҳои дигар низ идома медиҳад.
«Ҳоло забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад.
Имрӯз ҷаҳониён миллати моро бо номи тоҷик, яъне ориёӣ давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф ва эҳтиром менамоянд», -изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон дар ситоиши забон.
Бинобар ин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳар яки мо вазифадорем, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи худро ҳифз кунем, барои боз ҳам сайқал додану ғанӣ гардонидани он талош намоем ва саҳм гузорем.
«Ҳадаф аз ташаббуси мо дар бобати ба нашр расонидан ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






