Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия майдони фарох ва муассир барои таҷрибаи касбии коршиносони соҳа аст

Октябрь 29, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ба кор оғоз намуд, ки дар кори он вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форумро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шариконе, ки дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ширкати «Восток Капитал» ташкил намудааст. Ҳадафи он асосан ба ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат нигаронида шудааст.

Иштирокчиён изҳор намуданд, ки нахустин Форуми сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия буда, майдони фарох ва муассир барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар соҳаи таҷҳизот ва технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок маҳсуб мешавад.

Дар доираи форум баргузории чор ҷаласа дар соҳаҳои геологӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва металлургӣ дар назар аст. Дар форум коршиносони соҳа масоили марбут ба табодули таҷрибаи касбӣ, дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технологияҳои рушди устувор ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар форум ва намоишгоҳ беш аз 200 роҳбари ширкатҳои бонуфузи истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ технологияю таҷҳизоти пешрафтаи коркард, коркарди маъдан ва навгониҳои маъданро муаррифӣ мекунанд.

Дар форум таъкид гардид, ки омили асосии афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати кӯҳӣ, саноати коркард, коркарди партовҳо ва истеҳсоли ашёи хоми дуюмдараҷа мебошад. Форум ба баланд бардоштани иқтидори сармоягузории соҳа ва таъмини ҳамкории муассир байни намояндагони ширкатҳои махсус равона шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар

 

Октябрь 29, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд