ФУТБОЛ. Бозии санҷишии дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Малайзия мусовӣ анҷом ёфт

Октябрь 19, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Ҷоҳор идома дорад, бо ҳамсолони хеш аз Малайзия бозии санҷишии дуюмро анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин бозӣ 18 октябр дар варзишгоҳи «Пасир Гуданг»-и Ҷоҳори Малайзия баргузор шуда, бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Голи дастаи моро Умед Ҷафоев зад.

Қаблан дар бозии назоратии якум дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими Малайзия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.

21 октябр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J» ба Сингапур сафар мекунад. Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои Гуам (23 октябр), Сингапур (25 октябр) ва Уммон (27 октябр) мебошанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 19, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид