ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Сингапур бозӣ мекунад

Октябрь 25, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 октябр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бозии дуюмро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «J», ки дар Сингапур идома дорад, анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Рақиби дастаи мо мизбони марҳилаи интихобӣ – тими наврасони Сингапур аст. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали гурӯҳ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тими Гумаро бо ҳисоби 33:0 мағлуб намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 25, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд