ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН МАРДОНАГИСТ! Беш аз 300 ҷавон аз шаҳри Турсунзода ба сафи Артиши миллӣ шомил гаштанд

Октябрь 3, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 300 нафар ҷавонони шаҳри Турсунзода ба хизмат  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон равон  гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Дар  саҳни  комиссариати ҳарбии шаҳр  дар фазои  бошукуҳ бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидайни  наваскарон ҷамъомади гусели наваскарон доир гардид.

Иброз гардид, ки хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардӣ буда, аз ҳар ҷавони ватандӯст далерию ҷасурӣ талаб менамояд.

Дар рӯзи  якуми даъвати  ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Турсунзода  беш 300 нафар ба таври ихтиёрӣ  ба хизмати Ватан  пайвастанд, ки мояи ифтихору сарбаландӣ аст.

Дар маросими  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон волидайни даъватшавандагон аз фазои осоишта,  раванди бунёдкорию созандагӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ,  муҳайё будани шароити хубу мусоиди хизмат дар қисмҳои низомии мамлакат шукргузорӣ намуда, ба фарзандон дар роҳи ҳифзи Ватан ва музаффарияти Истиқлоли давлатӣ  дуои нек доданд.

Таъкид гардид, ки хизмат  ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он барои  ҳар ҷавони ватандӯсту миллатдӯст  шараф ва мардонагӣ аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода       

 

Октябрь 3, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд