ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад

Октябрь 24, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2022 инҷониб 24 октябр дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба миён омад. Бори аввал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021 Рӯзи иттифоқҳои касаба ид карда мешавад.

Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ба ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Дар ин рӯз- 24 октябри соли 2019 Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда буданд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ тибқи  Оиннома ва Ёддошти тафоҳум шуруъ аз соли 2015 бо якчанд иттифоқи касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон соли 2021 Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии ин ниҳод дар соли 2024 ба уҳдаи  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гузошта шудааст.

Бахшида ба иди касбӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави Наврӯз бо муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода суҳбат анҷом дод, ки манзури хонандагон гардонида мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар оғози суҳбат мегуфтед, ки рисолати Иттифоқҳои касаба аз чӣ иборат аст?

Исмоил Файзизода: Имрӯзҳо Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Иттифоқҳои касаба рисолати таърихии хешро иҷро намуда, ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ӯ тавҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон нақши Иттифоқҳои касаба хеле назаррас мебошад. Вобаста ба фаъолияти ҳамарӯзаи Иттифоқҳои касаба ва дар амал пурра татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Имрӯз иттифоқҳои касаба дар асоси имконияти нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамоянд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Иттифоқҳои касаба- ин амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мебошад.

АМИТ «Ховар»: Саҳми иттифоқҳои касаба дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои мамлакат чӣ гуна аст?

Исмоил Файзизода: Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои мамлакат дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешавад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд. Барои ба амал баровардани вазифа ва салоҳияти қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.

Ҳамчунин Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён мавриди амал қарор дорад. Ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, мусоидат намудан дар афзоиши даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии мамлакат, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ ва таъмин намудани меъёрҳои ҳадди ақалли иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Созишнома ба ҳисоб мераванд.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар самти фарогирии кормандони соҳаҳои гуногун ба солимгардонӣ иттифоқҳои касаба кадом корҳоро анҷом медиҳанд?

Исмоил Файзизода: Дар самти фарогирии кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо чорабиниҳои солимгардонӣ, яъне истифодаи маблағҳои 1,5-фоизаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ, дар умум аз ҷониби ташкилоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон 5673 роҳхат бо маблағи 9 миллиону 900 ҳазору 167 сомонӣ харидорӣ ва дастрас гардид.

Ҳамасола дар буҷаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маблағҳои 1,5-фоизаи суғуртаи иҷтимоӣ тақрибан ба 60 миллион сомонӣ наздик мешавад. Аз 1 июли соли равон бо боло рафтани музди меҳнати соҳаи буҷетӣ ин маблағ 40 фоиз афзоиш ёфт.

Аз ин рӯ, истифодаи маблағҳои  1,5-фоизаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ самти афзалиятноки ташкилоти иттифоқҳои касаба дар шашмоҳаи дуюми соли равон мебошад.

АМИТ «Ховар»: Бо баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзҳо дода шуданд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои омӯзгорон кадом имтиёзҳоро амалӣ намудааст?

Исмоил Файзизода: Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70 фоизи маблағи роҳхат аз ҳисоби маблағи 1,5-фоизаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ тавассути иттифоқҳои касаба пардохт шуда, 30 фоиз аз ҳисоби корманд супорида мешавад.

Масъалаи ба истироҳати солимгардонию табобатӣ фаро гирифтани омӯзгорон низ яке аз самтҳои фаъолияти Иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.

Аслан омӯзгорон фаъолияти хос доранд. Дар мавсими тобистон фаро гирифтани шумораи зиёди омӯзгорон ба солимгардонӣ аз он аст, ки давраи рухсатии меҳнатии онҳо танҳо ба ҳамин мавсим рост меояд.

Дар нуҳ моҳи соли равон 5710 корманди соҳаи маориф ва илм ба осоишгоҳҳо барои солимгардонӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи хуб ба роҳ мондани мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тибқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии «Тобистон – 2024» таъсис дода шуд.

Дар ин давра бо 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ 4448 роҳхат дастрас гардида, кӯдакон ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилоти ҳамузви он бо истифода аз сарчашмаҳои дигар барои ташкили истироҳат дар давраи таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар давраи истироҳати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ оид ба  масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва тарбияи ватандӯстӣ,  интизом ва  эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохӯрию суҳбатҳо ташкил гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон то кадом андоза пеш рафт?

Исмоил Файзизода: Дар даврони истиқлолият Иттифоқҳои касаба тавонист, ки самти дигари фаъолияташро бо Ташкилоти байналмилалӣ давом диҳад. Аз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад.

Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 Конвенсия ва 22 Тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст. Дар ҷумҳурии мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Имрӯз мақом ва манзалати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар байни ташкилоти байналмилалӣ баланд буда, чандин ташкилоти соҳавии мо дар ҳамкорӣ бо шарикон  дар сатҳи байналмилалӣ мушкилоти баҳсноки меҳнатиро  баррасӣ менамоянд. Иштироки намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар машваратҳои байналмилалӣ ва пешниҳоду масъалагузориҳои онҳо пешравии фаъолиятро нишон медиҳад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/аз бойгонии муаллиф

Октябрь 24, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд