Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 111 дарсадро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи имсол рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 111,4 дарсадро ташкил додааст.
Аз моҳи январ то сентябри соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат ба 52 миллиарду 280,5 миллион сомонӣ баробар гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 11,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 39 миллиарду 177,0 миллион сомонӣ ё 11,9 фоиз ва дар чорводорӣ 13 миллиарду 103,5 миллион сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд аст.
Дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 60 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 11 миллиарду 953,7 миллион сомонӣ ё 111,5 фоиз баробар гардидааст. Инчунин дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 12,6 фоизро ташкил додааст, ки ин дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд ба 18,2 фоиз, Хатлон- 9,4 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 12,2 фоиз баробар аст.
Гуфта шуд, ки дар нуҳмоҳаи соли равон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 41,8 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 45,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66,9 фоиз, вилоятҳои Суғд 35,8 фоиз, Хатлон 50,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 48,7 фоизро ташкил медиҳад.
Иброз гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ғалладонагиҳо 6,2 фоиз (аз ҷумла, 4,6 фоиз гандум), картошка 16,5 фоиз, сабзавот 8,9 фоиз (аз ҷумла 5,0 фоиз пиёз), полезиҳо 12,4 фоиз, мевагиҳо 20,1 фоиз (аз ҷумла 4,9 фоиз себ ва 11,4 фоиз зардолу), хӯроки чорво 5,0 фоиз ва ангур 32,6 фоиз зиёд истеҳсол гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






