Кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб суҳбатҳои мақсаднок гузарониданд

Октябрь 7, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини иҷрои талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои мақсаднок гузаронида, бо омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳҳо вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ кормандони милитсия паҳлуҳои гуногуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро шарҳ доданд. Иброз гардид, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва баланд шудани дониши донишҷӯён мешавад.

Таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» волидонро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд.

Ҳамчунин оид ба дигар паҳлуҳои марбут ба фаъолияти ҷавонон, атрофи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, шуурнокиву маърифатнокии ҷавонон ва риояи ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ изҳори назар карда шуд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки робитаи донишгоҳу донишкадаҳо ва литсею коллеҷҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ буда, бисёр донишҷӯёни онҳо ҳамчун ёварони кормандони милитсия дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба муҳофизони ҳуқуқ ёрӣ мерасонанд.

АКС: Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд