ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» бар дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ғалаба намуд

Октябрь 16, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар  доираи бозиҳои даври 18-уми Лигаи олии Тоҷикистон  дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро  мағлуб кард. Вохӯрии дастаҳо дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе хеле ҷолиб  баргузор шуда, бо ҳисоби калони  5:0 ба фоидаи дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  футболи  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо ин ғалаба  дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали мусобиқот ба 31 расонида, дар зинаи 4-ум мавқеъ гирифт.

Дастаи футболи  «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 5 имтиёз дар охири ҷадвали мусобиқот ҷойгир аст.

Дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бо 42 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошад.

                                                                        АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 16, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд