Маҳмадтоир Зокирзода бо Дунёгузел Гулманова дар Ашқобод вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар доираи сафар ба шаҳри Ашқободи Туркманистон Раиси Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамтои худ-Раиси парлумони Туркманистон Дунёгузел Гулманова мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо таҳкими робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то муносибатҳои байнипарлумонӣ ба нафъи давлатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамаҷониба рушд ва таҳким ёбанд.
Дар маҷмуъ, раванди рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдор ҳастанд. Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон яке аз аввалин гурӯҳҳое буд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
«Мо инчунин ба идомаи кори гурӯҳи дӯстӣ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, бахусус дар заминаи равандҳои ҳамгироӣ ва мувофиқан истифодаи пурраи имконият барои ҳамкорӣ изҳори боварӣ менамоем. Байни мамлакатҳои мо ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расидаанд, ки имкон медиҳанд ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиесӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо муваффақона рушд намоянд»,-изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки табодули ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ ба рушди ин ҳамкорӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид






