Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд

Октябрь 10, 2024 14:49

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сафари Валентина Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бешубҳа, далели рушди босуръати маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мебошад. «Мо ин сафарро ҳамчун тасдиқи таваҷҷуҳи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоем,- иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон ва илова кард, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия, ки дар тамоми соҳаҳо бемайлон рушд меёбанд, ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор дошт, ки «Маҷлиси намояндагон бо назардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии мамлакатҳоямон минбаъд низ барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад».

Робитаҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешаванд.

Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таъкид намуд, ки «мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити хуб бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин ҳамкорӣ  бештар тақвият ёбад».

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд