Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб ба беш аз 1500 бемор хизмати тиббӣ расонид
КӮЛОБ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб дар 9 моҳи соли равон ба 1514 нафар бемор хизмати тиббӣ расонидааст. 316 бемор ба амалиёти ҷарроҳӣ фаро гирифта, аз он 89 ҷарроҳӣ ройгон гузаронида шудааст.
Тавре директори марказ Муҳаммадҷон Искандаров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз шароити кории марказ ба таври хуб ба роҳ монда шуда, марказ бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ, таҷҳизоти тиббӣ, ултрасадо ва дигар дастгоҳҳои замонави таъмин мебошад. Аз ҳисоби вазорат ба маблағи 133 ҳазору 675 сомонӣ маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ворид шуд, ки ба табобати беморони бистаришуда мусоидат намуд. Ҳоло 10 мошини ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизмат расонида, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар марказ мутахассисони пуртаҷриба фаъолият дошта, беморон аз ноҳияҳои дурдаст низ дар ин ҷо муолиҷа мегиранд.
Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 -2025 омодагии ҳамаҷониба дида, сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Инчунин бинои марказ шишабандӣ шуда, печҳои барқӣ аз таъмир бароварда шудаанд, то дар фасли сармо мушкилӣ пеш наояд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






