Нахустин маротиба дар Тоҷикистон ба кӯдакон дасти намунаи нави бионикӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин маротиба дар Тоҷикистон дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»- и шаҳри Душанбе ба ду кӯдаки то 10-сола дасти намунаи нави бионикӣ гузошта шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дасти намунаи нави бионикӣ зимни машғулияти амалӣ байни мутахассисони Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»- и шаҳри Душанбе ва ширкати «Моторика»- и шаҳри Москваи Федератсияи Русия гузошта шуд.
Баъди ба итмом расидани машғулият 10 нафар мутахассисони тоҷик бо сертификати ширкати «Моторика» сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дасти бионикӣ намунаи анатомияи инсон мебошад. Бо дасти бионикӣ ҳама ҳаракатҳоеро, ки дасти ҳақиқӣ карда метавонад, анҷом додан мумкин аст ва он ба торҳои асаби инсон пайваст мегардад. Ашё бо дасти бионикӣ ҳис карда мешаванд ва кафолат дода мешавад, ки онҳо дақиқан ашёро бо ин даст дошта метавонанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






