Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба анҷом мерасад

Октябрь 24, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба анҷом мерасад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватаниву хориҷӣ баргузор мешавад. Имсол дар ин намоишгоҳ ноширон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон ва Ҳиндустон бо беҳтарин намунаи китобҳои муассисаҳои таъбу нашр иштирок намуданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи Муассисаи «Хонаи китоб ва адабиёт»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Муҳаққиқ баён дошт, ба ин намоишгоҳ китобҳои назмиву насрии тозанашр ҳам аз шоирони муосир ва ҳам классик пешниҳод гардидаанд.

«Баргузории намоиши китоб иттифоқи фарҳангӣ мебошад. Зеро дар ин макон бо ноширони тоҷику дигар давлатҳо аз наздик шинос шуда, бо якдигар табодули таҷриба менамоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чандин намоишҳои сатҳи баланди китоб дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, ҳамзамон дар онҳо беҳтарин китобҳои шоирону нависандагони тоҷик муаррифӣ шудаанд. Макони баргузории намоиши китоб барои мо бегона нест, мо бо меҳмоннавозӣ ва таваҷҷуҳи хонандагони тоҷик худро дар Тоҷикистон бегона тасаввур намекунем»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Имсол дар намоишгоҳ беш аз 40 ношир зиёда аз 5000 унвон китобҳои тозанашрро дар риштаи адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдак, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуданд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои пайдо кардани шарикони боэътимод дар самти таҳия ва нашр намудани китобҳо иқдоми хуб ба ҳисоб меравад.

Сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги мамлакат Раҳмоналӣ Шералӣ иброз дошт, ки китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад. Муҳаммади Ҳиҷозӣ фармудааст: «Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст. Тамоми молу мулк, бозёфте, ки ба даст меояд, нестшаванда аст. Аммо китоб барои инсонҳо ҳамеша муфид аст».

Бале, китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллӣ ва омӯзиши таъриху тамаддуни он пайваста мавриди истифода қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат барои ҷалби китобхонӣ ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад. Ба ин озмун на танҳо тарбиятгирандагону таълимгирандагони ҳамаи зинаҳои таҳсил, балки дигар табақаҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол ҷалб мешаванд.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2019 иброз доштанд,
«шумо — ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо, тоҷикон давоми солҳои таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими анҷоми Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир шуда, зимни он ба ноширон барои иштироки фаъолона Диплому Ифтихорнома тақдим карда мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд